23.08.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ 20 август ва рӯзҳои иcтироҳат каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,4580-4,4670 сомониро ташкил дода буд. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошад, андаке паст фаромада, мувофиқан ба 1,4540-1,4580 сомонӣ ва 5,6300-5,6800 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 23 август қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме паст фаромада, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4570-4,4630 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ