19.08.2010
Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ тағйир ёфтанд
Қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ дар бозори нақди ҷумҳурӣ 17-18 август каме боло рафта, ба ҳисоби миёна мувофиқан 1 долл. ИМА 4,4490-4,4590 сомонӣ ва 10 рубли русӣ 1,4620-1,4680 сомониро ташкил доданд. Қурби миёнаи 1 евро бошад, андаке паст фаромада, ба 5,6800-5,7200 сомонӣ баробар шуд. Имрӯз, 19 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе боз каме баландтар шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4580-4,4650 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ