Вазъи қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд

Бойгонии ахбор
16.08.2010

Вазъи қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд

Қурби миёнаи долл. ИМА 13 август ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва минтақаҳои дигар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4470–4,4550 сомониро ташкил намуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст фаромада, мувофиқан ба 1,4520-1,4580 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,6900-5,7400 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Имрӯз, 16 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме боло рафта, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,4490-4,4590 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку