Маркази протсессингии миллии кортҳои пардохтӣ созмон дода мешавад

Бойгонии ахбор
12.08.2010

Маркази протсессингии миллии кортҳои пардохтӣ созмон дода мешавад

Тавре иттилоъ дода будем, Бонки миллии Тоҷикистон ширкатҳои манфиатдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои созмон додани Маркази протсессингии миллии кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда буд.  Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ба хотири кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ дар қаламрави мамлакат, таҳияи лоиҳаи созмон додани Маркази протсессингии миллиро оғоз намуд. Лоиҳаи мазкур ва таҳияи ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои таъмини таҷҳизоти зарурӣ бо иштироки Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ гардид.  Мақсади асосии созмон додани Маркази протсессингии миллӣ қабл аз ҳама, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (электронӣ) ва бунёд намудани инфрасохтори устуворе мебошад, ки самаранокии истифодаи кортҳои пардохтиро дар дохили кишвар таъмин менамояд. Маркази номбурда барои тавассути кортҳои пардохтӣ анҷом додани пардохтҳои чакана, мунтазам ва ғайри он нигаронида шудааст.  Ба нақша гирифта шудааст, ки баъди ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази протсессингии миллӣ низомҳои пардохтии дигари ҷаҳонӣ, аз қабили “Master card”, “Visa card”, “American express” ва ғайра дар қаламрави ҷумҳурӣ низ ҳамаҷониба истифода хоҳанд шуд.  Ташкили чунин маркази миллӣ қадами устуворе дар роҳи ислоҳоти низоми пардохтии миллӣ хоҳад буд ва дар оянда барои такмили минбаъдаи он шароити мусоид фароҳам месозад.  Маркази матбуоти БМТ 12 августи с. 2010

Возврат к списку