Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ

Бойгонии ахбор
12.08.2010

Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ

Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ 10-11 август бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4470-4,4550 сомониро барои 1 долл.ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошад, каме паст фаромада, мувофиқан ба 1,4730-1,4800 сомонӣ ва 5,7400-5,7900 сомонӣ баробар шуданд.  Имрӯз, 12 август қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор`и ш.Душанбе ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4480-4,4550 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку