ДАЪВАТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН (ТЕНДЕР)

Бойгонии ахбор
11.08.2010

ДАЪВАТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН (ТЕНДЕР)

Бонки миллии Тоҷикистон ширкатҳои манфиатдорро ҷиҳати иштирок дар озмун барои иҷрои корҳои зерин даъват менамояд:  Созмон додани Маркази протсессингии миллӣ барои кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Ширкатҳои манфиатдор ҳуҷҷатҳои озмунро метавонанд дар асоси ариза ба таври хаттӣ ё тариқи почтаи электронӣ пас аз пардохти маблағи бебозгашт 1000 (ҳазор) сомонӣ дастрас намоянд. Пешниҳодҳо барои иштирок дар озмун то 12 сентябри соли 2010 қабул карда мешаванд.  Ширкатҳо метавонанд маълумоти муфассалро аз суроғаи зерин дастрас намоянд:  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе 734003, хиёбони Рӯдакӣ, 107А Бонки миллии Тоҷикистон  Шахси масъул: Юсупова Зумрад Маҳмадуллоевна – Муовини сардори Идораи технологияҳои иттилоотӣ ва системаҳои пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон  Тел: +(992 44) 600-31-11 Факс: +(992 44) 600-32-61 E-mail: bids@nbt.tj

Возврат к списку