09.08.2010
Вазъи қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 6 август ва рӯзҳои истироҳат дар маҷмӯъ каме паст фаромада, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна 4,4470-4,4550 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро нисбатан каме афзуда, мувофиқан ба 1,4870-1,4920 сомонӣ ва 5,7900-5,8400 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 9 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,4480-4,4550 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ