22.07.2010
Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монданд
Қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ 20-21 июл дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, қурби 1 долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна 4,4510-4,4570 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро бошад, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,4520-1,4600 сомонӣ ва 1 евро ба 5,6600-5,7100 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 22 июл қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4500-4,4580 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ