15.07.2010
Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ каме паст фаромад
Қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақди ҷумҳурӣ 13 ва 14 июл каме паст фаромад. Дар натиҷа қурби 1 долл. ИМА ба 4,4520-4,4580 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4180-1,4250 сомонӣ ва 1 евро ба 5,5200-5,5700 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 15 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ш. Душанбе нисбати рӯзҳои пеш паст фаромада, 4,4510-4,4580 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ