06.07.2010
Вохӯрии роҳбарони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар Душанбе
8-9 июли соли равон дар ш.Душанбе ҷаласаи 22 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (АврОсиё) баргузор мегардад. Дар кори он роҳбарони бонкҳои марказии Белорусия, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, сарвари Бонки байнидавлатӣ, намояндагони Бонки рушди Аврупою Осиё, Котиботи кумитаи ҳамгироӣ ва намояндагони комиссияҳои доимии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки дар ҷаласаи номбурда рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 21 Шӯрои мазкур, чораҳо оид ба дастгирии бахши бонкӣ ва таъмини устувории молиявии давлатҳои аъзои иттиҳод дар шароити бӯҳрони моливии ҷаҳонӣ, натиҷаҳои таҳлили умумии пардохтҳои асъории марбут ба гардиши мол, таҳлили қурбҳои асъори миллӣ ва тағйирёбии онҳо, ҳолати тавозунҳои пардохт ва захираҳои байналхалқӣ, рафти таҳияи лоиҳаи Созишнома оид ба гармонизатсияи механизми амалӣ намудани сиёсати пулӣ ва асъорӣ, интиқолҳои байнисарҳадии пулии шахсони воқеӣ ва масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Маркази матбуоти БМТ