05.07.2010
Тағйирёбии қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ 2 июл ва рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4520-4,4610 сомониро ташкил дод. Дар мавриди қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро гуфтан мумкин аст, ки онҳо нисбатан паст фаромада, мувофиқан ба 1,4220-1,4270 сомонӣ ва 5,4020-5,4120 сомонӣ баробар шуданд. 5 июл қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4530-4,4600 сомонӣ қарор гирифт ва тавре омор нишон медиҳад, нисбат ба рӯзи қаблӣ каме паст фаромад. Маркази матбуоти БМТ