Вазъи қурби доллари ИМА дар бозори дохилии асъор каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
17.06.2010

Вазъи қурби доллари ИМА дар бозори дохилии асъор каме тағйир ёфт

Қурби миёнаи доллари ИМА 15-16 июн дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буд ва ба ҳисоби миёна 4,4340-4,4470 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод.  Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро мувофиқан ба 1,4170-1,4240 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 5,2560-5,3060 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Имрӯз, 17 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4580-4,4670 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку