04.05.2010
Пастшавии қурби доллари ИМА дар бозори нақди асъор
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ҷумҳурӣ 30 апрел ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3932-4,4050 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, 4 май ин қурб дар ш.Душанбе, ки пештар каме баланд буд, паст фаромад ва ба ҳисоби миёна 4,4050 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро низ нисбатан коҳиш ёфтанд ва мувофиқан ба 1,4760-1,4880 сомонӣ ва 5,8080-5,8700 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ