13.05.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақд
Қурбҳои миёнаи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои нақди хориҷӣ 11-12 май тағйир ёфтанд. Дар натиҷа қурби миёнаи 1 долл. ИМА каме баланд шуда, 4,3970-4,4110 сомониро ташкил намуд. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошанд, дар навбати худ каме коҳиш ёфта, мувофиқан ба 1,4330-1,4460 сомонӣ ва ба 5,5540-5,6100 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 13 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,4130-4,4230 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ