25.05.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд
Қурби миёнаи доллари ИМА 21 май ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4000-4,4150 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро бошанд, мувофиқан ба 1,4180-1,4280 сомонӣ ва 5,4100-5,4700 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 25 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4180-4,4280 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ