26.04.2010
Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2010
Натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2010, рафти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, қурби пули миллӣ, ҳаҷми интиқолҳо, рушди низоми бонкӣ, пасандозҳо ва дигар масъалаҳои муҳим дар нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 26 апрели соли 2010 барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ибтидои сӯҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш. Раҳимзода изҳор дошт, ки дар семоҳаи аввали соли 2010 инкишофи мӯътадили иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат мушоҳида шуд, ки дар ин раванд нишондиҳандаҳои муҳими он ба таври зайл ҷамъбаст гардиданд: 1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар давраи ҳисоботӣ ММД 6,8 фоиз афзуда, ба 3,9 млрд. сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 банди фоизӣ зиёд аст. Таваррум. Дар ин давра меъёри таваррум 1,6 фоизро ташкил дод. Дурнамои таваррум барои соли ҷорӣ то 9,0 фоиз муайян шудааст.. Қурби сомонӣ нисбати долл. ШМА назар ба аввали сол 0,09 фоиз устувор гардид. Тавозуни савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 793,9 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод ва нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 0,9 фоиз кам шуд, аз ҷумла: содирот 45,0 фоиз зиёд шуда, ба 252,8 млн. долл. ШМА расид, воридот бошад, 13,7 фоиз кам шуда, ба 541,1 млн. долл. ШМА баробар шуд. Касри тавозуни савдо нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 36,3 фоиз кам шуда 288,3 млн. долл. ШМА-ро ташкил дод. Интиқолҳо. Ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар ин давра ба 294,4 млн. доллари ШМА баробар шуд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 5,6 фоиз зиёд шуд. Вазъи макроиқтисодии кишвар сарфи назар аз хавфҳо ва тағйиротҳо дар бозори ҷаҳонӣ мӯътадилӣ ва тақвияти бештари онҳоро инъикос намуд. 2. Сиёсати пулӣ Дар айни замон меъёри бозтамвил дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, мувофиқан барои амонатҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ 7,0 ва 9,0 фоизро ташкил доданд. Бақияи умумии захираҳои тиллоию-асъорӣ дар семоҳаи якуми соли 2010 нисбат ба аввали сол 9,8 фоиз зиёд шуда, ба 385,8 млн. долл. ШМА баробар шуд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ 2,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 33,8 фоиз (562,5 млн. сомонӣ) зиёд шуд. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда 1,9 млрд. сомониро ташкил кард, ки аз он 19,0 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ пулҳои ба муомилот баровардашуда 61,0 млн. сомониро ташкил намуда, 99,9 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд. 3. Рушди низоми бонкӣ Теъдоди ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 137 адад расид, аз ҷумла: 14 бонк, 7 ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, 31 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд, 43 фонди қарзии хурд. Умуман, низоми бонкӣ новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ имконият пайдо кард, ки ба ҷараёни вусъатёбии бештари унсурҳои бонкӣ комёб шавад. Пасандозҳо. Дар ин давра афзоиши пасандозҳо нисбат ба семоҳаи якуми соли гузашта 31,5 фоизро ташкил дода, ба 2,6 млрд. сомонӣ баробар шуданд. Пасандозҳои шахсони воқеӣ 43,0 фоиз зиёд гардида, 1,1 млрд. сомониро ташкил доданд. Фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 17,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 16,1 фоизро ташкил дод. Нисбат ба семоҳаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни пасандозҳои мӯҳлатдор бо пули миллӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд гардид. Қарзҳо. Бақияи қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ 12,6 фоиз зиёд гардида, ба 5,6 млрд. сомонӣ расид. Дар он 69,6 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 30,4 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 1,0 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 4,4 фоиз зиёд аст. Тибқи маълумоти фаврӣ мӯҳлати миёнаи қарзҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои шахсони воқеӣ 348 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 263 рӯз мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 24,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,8 фоизро ташкил доданд. Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурд 5,8 фоиз зиёд шуда, 410,7 млн. сомониро ташкил доданд. Низоми пардохт. Шумораи умумии пардохтҳо дар ҷумҳурӣ 3,9 фоиз зиёд гардида, ба 2,4 млн. адад баробар шуд. Ҳаҷми умумии пардохтҳо 25,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли қаблӣ 73,9 фоиз афзудааст. Дар ҷумҳурӣ 8 адад бонкҳо – эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият мекунанд ва 69050 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд, ки афзоиши он 16,6 фоизро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудани теъдоди банкоматҳо то 173 адад, нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд то 151 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ то 89 адад мушоҳида шуд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли қаблӣ афзоиши онҳо назаррас мебошад. Дар сӯҳбате, ки тайи бештар аз як соат идома дошт, хабарнигорони дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ аз қабили, навигариҳо ва проблемаҳои низоми бонкӣ, ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, мушкилоти пулҳои фарсуда, кортҳои пластикӣ, проблемаи мубодилаи асъор, сатҳи таваррум, болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилию ҷаҳонӣ, андозаи захираҳои тиллоию-асъории мамлакат, интиқоли маблағҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ва ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон