Се донишҷӯ барои таҳсил дар ш. Москва дар БМТ интихоб шуданд

Бойгонии ахбор
21.04.2010

Се донишҷӯ барои таҳсил дар ш. Москва дар БМТ интихоб шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва бо дархости Маркази байналмилалии таълимию методии мониторинги молиявии Гурӯҳи давлатҳои Авроосиё дар мавриди тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи мониторинги молиявӣ дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ озмун эълон намуд.  Баъди аз ҷониби донишгоҳҳои номбурда пешниҳод гардидани донишҷӯён, дар давраи ниҳоӣ 15 нафар довталаб ширкат варзиданд. Аз байни иштирокдорон 3 нафар номзадҳо, ки ҷавобгӯи талаботи озмун буданд, интихоб гардиданд.  Ба ҳамин тартиб, тибқи қарори комиссияи озмун дар соли нави таҳсил Файзуллоев Акбаршо ва Рухшонаи Муҳаммад - донишҷӯёни соли дуюми факултети “Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва Шогунбекова Лалмо - донишҷӯи соли дуюми факултети “Иқтисод ва идора”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил бо ихтисоси “амнияти иқтисодӣ ва молиявӣ” дар шаҳри Москва пешниҳод шуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку