Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бойгонии ахбор
12.04.2010

Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Бонки миллии Тоҷикистон барои интихоби ширкати аудиторӣ бо мақсади аутсорсинги ҷараёни аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон озмун эълон мекунад.  Масъалагузории муфассал, ҳамчунин муқаррароти асосии ин кор ба ширкатҳои манфиатдор ҳангоми муроҷиат намудани онҳо пешниҳод карда мешавад.  Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:  а) дархости иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбари ширкат ва мӯҳри он тасдиқ шудааст;  б) маҷмӯи ҳуҷҷатҳо бо рӯйхати замимашаванда:      * - нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкати аудиторӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо;      * - тавозуни муҳосиботӣ ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиёни ширкати аудиторӣ дар санаи ҳисоботии охирин;      * - лоиҳаи шартнома бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва мӯҳлати гузаронидани тафтиши аудиторӣ. Нархи гузаронидани тафтиши аудиторӣ бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳо ва хароҷоти дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дарбар гирад.  Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 20 апреля соли 2010 муқаррар шудааст.  Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба шахси масъули зерин ирсол намоянд:  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Ҷ. Юсуфиён тел.: +(992 44) 600 32 02, факс: +(992 44) 600 31 48, е-mail: JYusufiyon@nbt.tj  ш. Душанбе, 12 апрели с.2010

Возврат к списку