12.04.2010
Тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақд
Қурбҳои миёнаи асъори нақди хориҷӣ дар бозори дохилии асъор 8 апрел ва рӯзҳои истироҳат каме тағйир ёфтанд ва дар натиҷа қурби 1 долл. ИМА ба 4,3820-4,3960 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4710-1,4850 сомонӣ ва 1 евро ба 5,8380-5,9080 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 12 апрел қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба ҳисоби миёна 4,3980 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ