05.04.2010
Қурби сомонӣ нисбати асъори хориҷӣ мӯътадил монд
Қурби миёнаи долл. ИМА 2 апрел ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат бетағйир боқӣ монда, ба 4,3780-4,3930 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ каме паст шуда, 1,4680-1,4830 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд гардид ва 5,8560-5,9160 сомонӣ барои 1 евроро ташкил доданд. Имрӯз, яъне 5 апрели соли равон, қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,3800-4,4000 сомонӣ қарор гирифт. Маркази матбуоти БМТ