05.04.2010
Рушди ММД ба 6 фоиз расид
Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 1 245,4 млн. сомониро ташкил дод ва рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 6,0 фоиз баробар шуд. Рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан аз ҳисоби афзудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,0 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 5,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34,1 фоиз, гардиши моли чакана 15,7 фоиз ва хизматрасонӣ 12,5 фоиз ба даст омад. Маркази матбуоти БМТ