Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ

Бойгонии ахбор
05.04.2010

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ

Сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон мӯътадилиро инъикос намуда, 1,2 фоизро ташкил дод. Таварруми ҳосилшуда дар ин давра аз ҳисоби афзоиши тарифаҳои хизматрасонии пулӣ 2,8 фоиз, маводи озуқа 0,8 фоиз ва нархҳои маҳсулоти ғайриозуқа 1,2 фоиз ташаккул ёфт.  Ҳамзамон меъёри таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 5,5 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 банди фоизӣ кам гардид.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку