01.04.2010
Пастшавии қурби доллари ИМА дар бозори нақд
Дар бозори нақди ҷумҳурӣ 30-31 март қурби миёнаи долл. ИМА дар сатҳи 4,3980-4,4020 сомонӣ боқӣ монд. Гузашта аз ин, 1 апрел қурби асъори номбурда каме паст фаромада, ба ҳисоби миёна 4,3950 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро низ нисбатан коҳиш ёфтанд ва мувофиқан ба 1,4900-1,5000 сомонӣ ва 5,8500-5,9000 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ