29.03.2010
Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ тағйир наёфт
Дар бозори асъори нақди ҷумҳурӣ 26 март ва рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3820-4,3980 сомониро ташкил дод. Имрӯз, 29 март қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақди ш. Душанбе ба 4,3900-4,4000 сомонӣ баробар шуд. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурбҳои 10 рубли русӣ 1,4920-1,5000 сомонӣ ва 1 евро 5,8500-5,9200 сомониро ташкил намуданд. Маркази матбуоти БМТ