Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Бойгонии ахбор
15.03.2010

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи доллари ИМА 12 март ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3650-4,3810 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро бошанд, ба 1,4460-1,4580 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,8700-5,9300 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Имрӯз, 15 март қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,3750-4,3860 сомонӣ қарор гирифт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку