11.03.2010
Қурби доллари нақдии ИМА дар бозори дохилӣ каме паст шуд
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ҷумҳурӣ 9-10 март каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,3640-4,3800 сомониро ташкил дод. Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин рӯзҳо қурби миёнаи асъорҳо 4,3673 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,4672 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 5,9520 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд. Имрӯз, 11 март қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш. Душанбе ба 4,3800-4,3850 сомонӣ баробар шуд. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурбҳои 10 рубли русӣ 1,4630-1,4660 сомонӣ ва 1 евро 5,9300-5,9700 сомониро ташкил намуданд. Маркази матбуоти БМТ