04.03.2010
Рушди ММД 4,2 фоизро ташкил дод
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар моҳи январи соли ҷорӣ 1 157,6 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 4,2 фоиз баробар шуд. Рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан аз ҳисоби афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - 5,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ - 3,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 14,1 фоиз, гардиши моли чакана - 16,3 фоиз ва хизматрасонӣ - 9,0 фоиз ба даст омад. Маркази матбуоти БМТ