Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Бойгонии ахбор
01.03.2010

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи доллари ИМА 26 феврал ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буд ва ба ҳисоби миёна 4,3640-4,3810 сомониро ташкил дод.  Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро ба 1,4340-1,4470 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 5,8620-5,9230 сомонӣ барои евро баробар шуданд.  Имрӯз, 1 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қариб, ки тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,3750-4,3850 сомонӣ боқӣ монд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку