Дар бозори дохилӣ қурби доллари ИМА мӯътадил монд

Бойгонии ахбор
25.02.2010

Дар бозори дохилӣ қурби доллари ИМА мӯътадил монд

Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 23-24 феврал чун пештара тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,3780-4,3880 сомонӣ қарор дошт.  Гузашта аз ин, қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ низ бетағйир монд ва 10 рубли русӣ ба 1,4540-1,4630 cомонӣ баробар шуд. Вале, дар баробари ин, қурби евро дар рӯзҳои охир тамоюли пастшавиро ба худ касб намуда, аз 5,9250 сомонӣ дар ибтидои давра то 5,7685 сомонӣ ба ҳисоби миёна паст фаромад.  Имрӯз, 25 феврал қурби миёнаи доллари ИМА як каме баланд шуд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,3790-4,3890 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку