22.02.2010
Дар бозори дохилӣ қурби рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монд
Қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдии ш.Душанбе 18-19 феврал ва рӯзҳои истироҳат каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,3780-4,3900 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд тағйир наёфтанд ва ба ҳисоби миёна 10 рубли русӣ ба 1,4540-1,4640 сомонӣ ва 1 евро ба 5,8950-5,9450 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 22 феврал қурби миёнаи доллари ИМА каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,3780-4,3880 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ