Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Бойгонии ахбор
15.02.2010

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор бетағйир монд

Қурби миёнаи асъори хориҷӣ 12 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3586-4,3720 сомонӣ барои долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро ба 1,4220-1,4350 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,0150-6,0650 сомонӣ барои евро баробар шуданд.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 12 феврал қурби миёнаи қарордодҳои долл. ИМА 4,3674 сомониро ташкил дод. Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро тағйир наёфта, ба 1,4647 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 5,9809 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд.  Имрӯз, 15 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,3660-4,3760 сомонӣ боқӣ монд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку