11.02.2010
Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 9-10 феврал дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна ба 4,3580-4,3710 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёнаи 10 рубли русӣ ва 1 евро бошад, мувофиқан 1,4184-1,4310 сомонӣ ва 6,0450-6,0950 сомониро ташкил доданд. Умуман, қобили қайд аст, ки ҳоло вазъияти бозори дохилии асъор мӯътадилӣ ва мутавозунии пешниҳоду талаботро инъикос менамояд. Ҳаҷми қарордодҳо дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин чанд рӯзи охир аз зиёд шудани шумораи амалиётҳо бо рубли русӣ шаҳодат дод. Дар ин бозор қурбҳои миёнаи долл. ИМА ба 4,3675 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4605 сомонӣ ва 1 евро ба 5,9842 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 11 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфта, 4,3680-4,3800 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ