Дар ҶСК “Соҳибкорбонк” маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ карда шуд

Бойгонии ахбор
11.02.2010

Дар ҶСК “Соҳибкорбонк” маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ карда шуд

Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз (11.02.с.2010) бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ҶСК “Соҳибкорбонк” маъмурияти муваққатӣ ба мӯҳлати шаш моҳ ҷорӣ гардид.  Қарори мазкур аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бинобар аз тарафи ҶСК “Соҳибкорбонк”бо зарар анҷом додани фаъолияташ дар соли 2009, манфӣ будани сармояи танзимшавандаи он ва бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавии бонк қабул карда шуд.  Аз рӯзи қабули Қарори номбурда ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) боз дошта мешаванд, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмиядор, амонатгузор ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) доранд, ба маъмурияти муваққатӣ дода мешаванд. Кормандони роҳбарияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои монеъ шудан ба додани ҳамаи ҳуқуқҳо ба мудири маъмурияти муваққатӣ ё иҷрои ин ҳуқуқҳо аз тарафи вай ҳақ надоранд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку