08.02.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор чун пештара мӯътадил мебошад
Қурби миёнаи долл. ИМА 5 феврал ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3550-4,3680 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, мувофиқан ба 1,4240-1,4390 сомонӣ ва 6,0090-6,0670 сомонӣ баробар шуданд. Дар ин миён, дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ низ каме паст шуда, қурби 1 долл. ИМА 4,3672 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4348 сомонӣ ва 1 евро 5,9816 сомониро ташкил намуд. Имрӯз, 8 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба 4,3670-4,3770 сомонӣ баробар гашт. Маркази матбуоти БМТ