01.02.2010
Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд
Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 29 январ ва рӯзҳои истироҳат тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, қурби доллари ИМА ба 4,3552-4,3708 сомонӣ, қурби 10 рубли русӣ ба 1,4200-1,4350 сомонӣ ва қурби евро ба 6,1150-6,1670 сомонӣ баробар шуданд. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо долл. ИМА, евро ва рубли русӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 29 январ каме паст шуда, 4,3699 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 5,9716 сомонӣ барои 1 евро ва 1,4543 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд. Имрӯз, 1 феврал қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба 4,3660-4,3790 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ