28.01.2010
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор мӯътадил мебошад
Қурби миёнаи долл. ИМА 26-27 январ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,36-4,37 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 1,42-1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,11-6,17 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ дар ин рӯзҳо тамоюли пастравиро дошта, амалиётҳо бо рубли русӣ бештар анҷом гирифтанд. Аз рӯи ин амалиёт, қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва евро каме паст шуда, 4,3701 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 6,1655 сомонӣ барои 1 евроро ташкил дод. Дар ин миён қурби миёнаи рубли русӣ каме баланд шуда, ба 1,4489 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Имрӯз, 28 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба 4,3600-4,3780 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ