27.01.2010
Музоядаи Векселҳои давлатии хазинадорӣ баргузор гардид
27 январи соли равон соати 10:00 дар Бонки миллии Тоҷикистон музоядаи фурӯши Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳаҷми барориши векселҳо маблағи 5,0 млн. сомонӣ ва мӯҳлати гардиши он 91 рӯзро ташкил дод. Фоизи даромаднокии векселҳо ба 7 фоиз баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ