25.01.2010
Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори дохилӣ тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд
Қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 22 январ ва рӯзҳои истироҳат тамоили пастшавиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла, қурби 1 доллари ИМА ба 4,3670-4,3810 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4222-1,4352 сомонӣ ва 1 евро ба 6,1570-6,2150 сомонӣ баробар шуданд. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо долл. ИМА ва евро дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 22 январ каме паст шуда, 4,3705 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 6,2210 сомонӣ барои 1 евро ва қурби амалиётҳо бо рубли русӣ бошад каме баланд шуда, 1,4698 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд. Имрӯз, 25 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба 4,3650-4,3780 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ