Бойгонии ахбор
14.01.2010

Қурби доллари нақди ИМА дар бозори дохилӣ каме поин рафт

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 12-13 январ тамоюли пастшавиро нигоҳ дошта, ба ҳисоби миёна 4,3766-4,3924 сомониро ташкил дод.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин ду рӯзи гузашта қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ низ тағйир ёфтанд ва дар натиҷа 1 долл. ИМА ба 4,3712 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4489 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2885 сомонӣ баробар шуданд.  Имрӯз, 14 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ба 4,3830-4,3970 сомонӣ барои 1 долл.ИМА баробар шуд. Ҳамзамон қурбҳои рубли русӣ ва евро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1,4400-1,4520 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,3050-6,3550 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку