Қурби доллари ИМА дар бозор тамоюли пастшавиро соҳиб гашт

Бойгонии ахбор
11.01.2010

Қурби доллари ИМА дар бозор тамоюли пастшавиро соҳиб гашт

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари нақдии ИМА 8 январ ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ тамоюли пастравиро соҳиб гашт ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,3924-4,4058 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошанд, ба 1,4204-1,4350 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,2270-6,2770 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 8 январ қурби миёнаи қарордодҳои хариду фурӯши долл. ИМА 4,3715 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфтанд, ки дар натиҷа 10 рубли русӣ ба 1,4472 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2834 сомонӣ баробар шуданд.  Имрӯз, 11 январ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба ҳисоби миёна 4,39-4,40 сомонӣ барои 1 долл. ИМА-ро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку