Қурби доллари ИМА дар бозор каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
07.01.2010

Қурби доллари ИМА дар бозор каме тағйир ёфт

Қурби миёнаи долл. ИМА 5-6 январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,3922-4,4056 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме боло рафтанд ва мувофиқан 1,4250-1,4430 сомонӣ ва 6,2450-6,2950 сомониро ташкил намуданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурби миёнаи асъорҳои хориҷӣ низ каме тағйир ёфтанд. Дар натиҷа қурби 1 долл. ИМА 4,3726 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4485 сомонӣ ва 1 евро 6,3142 сомониро ташкил доданд.  Имрӯз, 7 январ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,4150-4,4250 сомонӣ баробар гашт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку