Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
31.12.2009

Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 29-30 декабр дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоби миёна ба 4,3750-4,3875 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро мувофиқан ба 1,4268-1,4426 сомонӣ ва 6,2210-6,2870 сомонӣ баробар шуданд. Умуман, дар ин рӯзҳо вазъи бозори дохилии асъор инъикосгари мӯътадилӣ ва мутавозунии пешниҳоду талабот буд.  Ҳаҷми қарордодҳо дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин рӯзҳо аз зиёд шудани шумораи амалиётҳо бо рубли русӣ шаҳодат дод. Дар ин бозор қурбҳои миёнаи долл. ИМА ба 4,3712 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4268 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2842 сомонӣ баробар шуданд.  Субҳи 31 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфтанд ва 1 долл. ИМА 4,3770-4,3970 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку