28.12.2009
Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозор каме тағйир ёфтанд
Қурби миёнаи долл. ИМА 25 декабр ва рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли пастшавиро идома дод ва ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,3750-4,3890 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бошад, каме баландтар шуда, 1,4480-1,4680 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,2750-6,3350 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд. Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурбҳои миёнаи асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфта, 1 долл. ИМА 4,3796 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4850 сомонӣ ва 1 евро 6,3112 сомониро ташкил доданд. Субҳи 28 декабр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ба 4,3726-4,3941 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ