Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
24.12.2009

Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Рӯзҳои 22-23 декабри соли ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар бахши нақдии бозори асъор тамоюли пастшавиро доро шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна ба 4,4110-4,4220 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва еврои нақд каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4210-1,4360 сомонӣ ва 1 евро 6,2750-6,3350 сомониро ташкил доданд.  Қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ каме баланд шуда, 4,3796 сомониро барои 1 долл. ИМА ва 1,4854 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд. Қурби миёнаи евро бошад, баръакс каме паст шуда, ба 6,2454 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд.  Имрӯз, 24 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе ва дигар маҳалҳо бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,41-4,42 сомонӣ барои 1 долл. ИМАро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку