Қурби доллари нақдинаи ИМА дар бозори дохилӣ каме паст фаромад

Бойгонии ахбор
14.12.2009

Қурби доллари нақдинаи ИМА дар бозори дохилӣ каме паст фаромад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ 11 декабр ва рӯзҳои истироҳат бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4214-4,4326 сомониро ташкил дод.  Дар бозори байнибонкӣ бошад, 11 декабр қурби миёнаи долл. ИМА, Евро ва рубли русӣ каме паст шуда, 1 долл. ИМА 4,3931 сомонӣ 10 рубли русӣ 1,4593 сомонӣ ва 1 Евро 6,4506 сомониро ташкил дод.  Имрӯз, 14 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме коҳиш ёфт ва ба ҳисоби миёна ба 4,4008-4,4178 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои рубли русӣ ва Евро бетағйир боқӣ монд. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 1,4224-1,4390 сомонӣ 10 рубли русӣ ва 6,3630-6,4090 сомонӣ 1 Евроро ташкил намуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку