10.12.2009
Қурби нақдинаи доллари ИМА дар бозори дохилӣ каме баланд шуд
9 декабри соли равон ва субҳи имрӯз қурби миёнаи амалиётҳо бо долл. ИМА дар бозори нақдинаи ҷумҳурӣ каме баланд шуд ва ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА 4,4100-4,4270 сомониро ташкил дод. Чун рӯзҳои гузашта, қурбҳои рубли русӣ ва евро каме паст шуда, 10 рубли русӣ ба 1,4314-1,4464 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4750-6,4850 сомонӣ баробар шуданд. Каме баланд шудани қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ низ ба мушоҳида расид ва дар ҳудуди 4,3654-4,3831 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Дар баробари ин, қурбҳои миёнаи евро ва рубли русӣ каме коҳиш ёфта, 1 евро ба 6,4788 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4367 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ