Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
09.12.2009

Қурби доллари ИМА дар бозори дохилӣ тағйир ёфт

8 декабри соли ҷорӣ ва субҳи имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоюли каме баландшавиро ба худ касб намуда, ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА 4,3880-4,4080 сомониро ташкил дод. Қурбҳои рубли русӣ ва евро бошад, каме паст шуда, 10 рубли русӣ ба 1,4520-1,4650 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4500-6,5000 сомонӣ баробар шуданд.  Сабаби баланд шудани қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ мустаҳкам шудани қурби доллари ИМА нисбати қурби рубли русӣ ва евро мебошад.  Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ низ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА каме баланд шуда, дар ҳудуди 4,37-4,38 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Ҳамзамон, қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро каме паст шуда, 10 рубли русӣ ба 1,46-1,47 сомонӣ ва 1 евро ба 6,48-6,49 сомонӣ баробар шуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку