07.12.2009
Қурби асъор дар бозори нақдина каме тағйир ёфт
Рӯзҳои 4 ва 7 декабри соли ҷорӣ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ бетайғир монд ва 1 долл.ИМА ба 4,3533 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4902 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёнаи евро бошад, каме баланд шуда, 1 евро 6,5575 сомониро ташкил дод. Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдина дар ин давра каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна 4,3500-4,3700 сомониро ташкил дод. Дар баробари ин, қурбҳои рубли русӣ ва евро каме афзуданд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 10 рубли русӣ 1,4770-1,4888 сомонӣ ва 1 евро 6,4755-6,5200 сомониро ташкил намуданд. Маркази матбуоти БМТ