Шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъор каме афзуд

Бойгонии ахбор
26.11.2009

Шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъор каме афзуд

Рӯзҳои 24-25 ноябри соли ҷорӣ шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ каме афзуд. Қурбҳои миёнаи амалиёт бо долл. ИМА ва евро тадриҷан паст шуда, 1 долл. ИМА 4,3470 сомонӣ ва 1 евро 6,4339 сомониро ташкил доданд. Баръакс қурби миёнаи амалиёти рубли русӣ андаке баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,5061 сомонӣ баробар шуд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо дар маҷмӯъ бе тағйир монда, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,3530 - 4,3670 сомонӣ барои 1 долл. ИМА боқӣ монд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,4790-1,4960 сомонӣ ва 1 евро 6,4450-6,4960 сомониро ташкил доданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку