Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
23.11.2009

Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

20 ноябр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат арзиши миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар аксари бахшҳои бозори асъор бетағйир боқӣ монд. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд қурби нақдӣ 1 долл. ИМА ба ҳисоби миёна ба 4,3560-4,3740 сомониро ташкил медод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва еврои нақд як каме афзуданд ва ба 1,4760-1,4960 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,4540-6,5070 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Ҳаҷми қарордодҳо ва қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин чанд рӯз аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро шаҳодат медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиёти анҷомдода, қимати миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва рубли русӣ каме коҳиш ёфта, 1 долл. ИМА 4,3501 сомонӣ ва 10 рубли русӣ 1,4827 сомониро ташкил дод. Дар баробари онҳо арзиши миёнаи хариду фурӯши евро каме афзуда, 1 евро ба 6,5735 сомонӣ баробар шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку